Дар Ҷопон беш аз як миллион сар мурғ аз сабаби зукоми паранда нобуд карда мешаванд

Февраль 3, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти музофоти Ибараки Ҷопон тасмим гирифт, ки дар фермаи мурғпарварии маҳаллӣ беш аз 1,1 миллион сар мурғро забҳ кунад. Сабаби онсар задани зукоми мурғ мебошад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Сирояти оммавии мурғҳо дар фермаи мурғпарварии шаҳри Ятио ошкор карда шуд. Кормандони Қувваҳои худмуҳофизатии Ҷопон ин парандагонро нобуд мекунанд.

Қаблан хабар расида буд, ки дар музофоти Тибаи Ҷопон хуруҷи зукоми мурғ ошкор шудааст ва ин сабаби нобуд кардани қариб 140 ҳазор сар мурғ гардидааст.

Гумони мавҷудияти ин беморӣ дар яке аз фермаҳои шаҳри Соса пайдо шуд. Таҳлили генетикӣ мавҷудияти намуди баланди касалиовари зукоми парандаро тасдиқ кард.

Пас аз ин барои кашондани мурғ ва тухм дар масофаи се километр дар атрофи хоҷагӣ карантин эълон карда шуд, зеро дар ин ҷо манбаъҳои зукоми мурғ сабт шудаанд. Инчунин аз ин минтақа баровардани мурғ ва тухм низ манъ карда шуд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: depositphotos

Февраль 3, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд