Дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд

Февраль 7, 2023 19:26

ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бори нахуст истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти донишгоҳ  Ҳабибулло Сатторов.

Мақсад аз коркарди мизу курсиҳои замонавӣ дар назди Парки технологии донишгоҳ давра ба давра иваз намудани мизу курсиҳои кӯҳнаву фарсудаест, ки солиёни зиёд дар  синфхонаҳои таълимӣ истифода мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯз самти фаъолияти парки технологии донишгоҳ ба беҳтар гардонидани кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, танҳо барои пешбурди  корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Парки технологии донишгоҳ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияти чашмрас надошт, ҳоло бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст истеҳсоли мизу курсиҳои замонавиро ба роҳ монд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 таъкид карда шуд, ки «вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд».

Акс: ДДОТ

Февраль 7, 2023 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад