Дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бори нахуст истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов.
Мақсад аз коркарди мизу курсиҳои замонавӣ дар назди Парки технологии донишгоҳ давра ба давра иваз намудани мизу курсиҳои кӯҳнаву фарсудаест, ки солиёни зиёд дар синфхонаҳои таълимӣ истифода мешаванд.
Бояд гуфт, ки имрӯз самти фаъолияти парки технологии донишгоҳ ба беҳтар гардонидани кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, танҳо барои пешбурди корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.
Парки технологии донишгоҳ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияти чашмрас надошт, ҳоло бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст истеҳсоли мизу курсиҳои замонавиро ба роҳ монд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 таъкид карда шуд, ки «вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд».
Акс: ДДОТ








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






