ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занонро дар рушди ҷомеа аввалиндараҷа арзёбӣ намуданд

Февраль 18, 2023 14:37

ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли ҷумҳурӣ масъалаи беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ҳамеша пайгирӣ менамояд. Чунин иброз намуд устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Хосият ОЛИМӢ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Президенти мамлакат дар ҳар як вохӯрию баромадҳояшон дар мавриди рисолати воқеии занон дар ҷомеа фикру андешаҳояшро иброз намуда, таъкид менамоянд, ки нақши занон дар рушди мамлакат нақши аввалиндараҷа дорад, зеро дабистони нахустин барои фарзандон домони модар аст. Аз ин рў, бори дигар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки нисбат ба тарбияи насли хурдсол беэътиноӣ зоҳир накунем, чунки аз онҳо ояндаи нек ва ҳастии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад». Ба боварии Пешвои миллат сазовор будан ҳам сарфарозию шарафмандӣ аст.

Нахуст, зан, ки имрӯз ҳамқадами ҷомеаи навин аст, дар устувориву рушди оила мақоми хоса дорад. Ҷойгоҳи модар дар хонаводаи муосир пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат ва донишу саводи ӯ вобаста аст. Бинобар камтаҷрибагӣ бештари вақт дучори мушкилот мегарданд. Баъдан, агар ҳамсарон бе талош барои бунёди оилаи солиму устувор, ноогоҳона оила барпо кунанд, фарзандони онҳо ҳеҷ гоҳ дар ҷомеа муваффақ намешаванд. Рушду камолоти оилаи солим ба ташаккули зеҳнӣ ва сатҳи маънавияти ҳамсарон вобастагӣ дорад.

Маърифати мард дар интихоби зан аз ӯ интихоби дурустро дар издивоҷ тақозо менамояд. Яъне зан бояд балоғати ақлӣ дошта бошад, то ин ки ба нофаҳмиҳое, ки рӯзҳои аввали хонадорӣ сари роҳаш мегарданд, таҳаммул намояд. Набояд фаромӯш кард, ки зан на танҳо модар – мураббӣ, инчунин танзимгари низоми хонавода мебошад. Равоншиносон низ бар он андешаанд, ки зан дар таҳлил ва дурбинии масъалаҳо нисбат ба мардон пешсафтар аст. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш оварда, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ бояд қолабҳои кӯҳнаро шиканем ва дар ҷаҳони нав бо андешаи нав гом гузорем. Воқеан, зан неруест, ки инсонро барои ҷомеа тарбия менамояд ва онро ба ҳаёти инсонҳо тавъам мегардонад.

Бонувон қолабҳои кӯҳнашудаву зангзадаи низоми хонаводагиро набояд дастгирӣ намоянд. Бояд иқрор шуд, ки занон ҷиҳати сарфакорӣ дар хонавода метавонанд нақши муҳим бозанд. Вале, мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки аксаран дар танзими расму ойин дар ҷомеа талаботи қонунгузориро риоя намекунанд ва бо оростани маъракаҳои пурдабдабаю серхароҷот буҷаи хонаводаи худро касод мегардонанд.

Гузашта аз ин, вазъи хонавода ба рушди минбаъдаи шахсият ва ҷомеа бетаъсир намемонад ва бояд манзили падару модар, ки инсон он ҷо ташаккул меёбад, як маркази худогоҳӣ, эҳсон, хирад ва таҳаммул бигардад.

Хулоса, модарон бояд диди муосир ба ҳаёти имрӯз ва тарбияи фарзанд дошта бошанд. Онҳо вазифадор ҳастанд, ки аз ахбори муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ гарданду дар пайроҳаҳои пуртазоди ҷаҳонишавӣ фарзандонро дар роҳи ростӣ, сарфаю сариштакорӣ ва дур аз фитнаю хурофот тарбия намоянд.

Хосият ОЛИМӢ,
устоди Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,
номзади илми филология, дотсент

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2023 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб