Дар шаҳри Малатяи Туркия наҷотдиҳандагон 32 нафари зиндамондаро аз зери харобаҳо берун бароварданд
ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагон пас аз заминларза дар вилояти Малатяи Туркия тавонистанд 32 нафарро аз зери харобаҳо зинда берун бароранд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИР «Новости» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода (AFAD) Юнус Сезар хабар додааст.
Заминларза рӯзи душанбе бо қувваи 5,6 балл рух дод, ки маркази он дар ноҳияи Йешилюрти музофоти Малатя дар шарқи кишвар ҷойгир буд. Дар шаҳр на кам аз 340 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Қаблан Юнус Сезар дар бораи як ҳалокшуда ва 69 маҷруҳ иттилоъ дода буд.
«32 нафар аз зери харобаҳо наҷот ёфтанд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ- наҷотдиҳӣ дар харобаҳои ду бино идома доранд», — иқтибос овардааст суханони Сезарро шабакаи TRT Haber.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






