Дар шимоли Сурия шумораи ҳалокшудагон бар асари заминларза ба беш аз 100 нафар расид

Февраль 6, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Сурия, ки дар ҳамсоягӣ бо Туркия қарор дорад, аз 100 нафар гузашт. Дар ин хусус рӯзи душанбе шабакаи телевизионии Al Hadath хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Мувофиқи маълумоти шабака, даҳҳо одамон дар зери биноҳои ҳаробшудаи музофоти Алеппо, Идлиб, Латакия ва Ҳумс боқӣ мондаанд. Теъдоди зарардидагоне, ки тавонистанд аз зери харобаҳо берун шаванд, ба 400 нафар расид. Корҳои наҷотдиҳӣ дар шароити ҳавои тӯфонӣ ва зери борони сел идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия 6 феврал заминларза бо шиддати 7,4 балл ба амал омада, зиёда аз 50 кас ҳалок шуданд. Тавре зилзилашиносон иброз медоранд, заминларзаи мазкур яке аз харобиовартарин офат дар солҳои охир дар Туркия арзёбӣ мегардад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид