Дар Тоҷикистон соли 2022 ба музди меҳнати беш аз 10 ҳазор нафар омӯзгорони ҷавон 10 фоиз маблағ илова гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли сипаригардида ба музди меҳнати 10 ҳазору 256 нафар омӯзгорони ҷавон 10 фоиз маблағ илова карда шуд. Ин матлабро имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Ба гуфти мавсуф, омӯзгорони мамлакат тибқи моддаи 353 — и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замини наздиҳавлигӣ озод мебошанд. Ҳамчунин соли 2022 318 нафар омӯзгорони мамлакат аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ истифода намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи майи соли 2006 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» қабул карда шуд. Тибқи ин қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;
— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;
– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки аз ин 81 ҳазору 822 нафарашро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми мамлакат иброз дошт, ки соатҳои дарсие, ки давоми 10 рӯзи иловагии истироҳатӣ дар моҳи январ (аз 10 то 20 январ) гузаронида нашуданд, дар панҷ рӯзи таътили моҳи март ва се рӯзи чоряки чорум ҷуброн карда мешаванд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






