Дар Тоҷикистон соли 2022 беш аз 200 тонна маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар нобуд карда шуд

Февраль 4, 2023 09:53

ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта ҳам дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳам дар бозорҳои истеъмолӣ  дар маҷмӯъ 65 озмоишгоҳ фаъолият карданд. Дар ин давра беш аз 200 тонна маҳсулоти пастсифату  ба саломатӣ зараровар, инчунин ба талабот ҷавобгӯ набуда мусодира ва нобуд карда шуд. Дар ин хусус  Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар самти назорати воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ инчунин пешгирии воридот ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, ки дар ин давра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид карда шуд, мавриди ташхиси дақиқи мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ қарор дода шуданд.

Сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт Абдулваҳоб Давлатов тазаккур дод, ки «дар нуқтаи сарҳадии Панҷи поён ҳангоми воридот аз Покистон  мо 1600 кг  сирпиёзро, ки  ба талабот ҷавобгӯ набуд, бозпас гардонидем. Чунин ҳолат дар шаҳри Турсунзода низ рух до два 14 тоннаву 300 грамм  панири истеҳсоли Федератсияи Русия, ки ба талабот  ҷавобгӯ набуд, дар асоси дархости давлати содиркунанда бозпас гардонида шуд. Назорати молу маҳсулот дар дигар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ низ ба роҳ монда шудааст».

Мавсуф афзуд, ки дар мавриди воридоти молу маҳсулот мо бо соҳибкорону воридкунандагони ватанӣ  пайваста суҳбат менамоем. Онҳо низ кӯшиш мекунанд, ки молу маҳсулоти босифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯро ба мамлакат ворид намоянд. Бояд гуфт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ  воридоти маҳсулоти пастсифат кам шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз  Ҷумҳурии Точикистон  ба дигар давлатҳо 255 064 тонна маҳсулот, аз ҷумла меваҳои тару тоза, нахи пахта, меваи хушк ва ришта содирот карда шудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2023 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид