Дар Туркия бар асари заминларза беш аз 75 нафар ҳалок шуданд

Февраль 6, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷанубу шарқи Туркия бар асари заманларзаи 7,4-балла беш аз 76 нафар ҳалок ва беш аз 440 нафар маҷруҳ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Таконҳои зеризаминӣ баъди заминларза дар аксар минтақаҳои Туркия, хусусан дар Анқара ба қайд гирифта шуданд.

Заминларза дар минтақаи Пазарҷики музофоти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр, соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Баъдан таконҳои зеризаминӣ тайи ним соат дар минтақаҳои мухталиф – Одоно, Анқара, Анталия, Газиантеп, Қайсарӣ, Мерсин, Трабзон ва Шанлиурфа эҳсос карда шуданд.

Ба ғайр аз ин, шабакаи Al Arabiya иброз медорад, ки таконҳои зеризаминӣ инчунин дар бархе минтақаҳои Ироқ ва Либия эҳсос гардидаанд.

Фурӯпошии хонаҳо дар вилоятҳои Қаҳрамонмараш, Малатия, Шанлиурфа ва Газиантеп ба қайд гирифта шудааст.

«Мувофиқи маълумоти пешакӣ, 16 бино фурӯ рехтааст. Мо аз шаҳрвандон даъват мекунем, ки роҳҳоро барои гузаштани наҷотдиҳандагон холӣ кунанд», — хабар медиҳад шабакаи телевизионии Tele.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд