Дар вилояти Хатлон 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, собиқадорони хизмати низомӣ ва фаъолони вилоят ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки Артиши миллии мо сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки ҷумҳуриро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд, аз сифр таъсис дода шуд.
Дар тӯли 30 соли мавҷудият сохторҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Рушди Қувваҳои Мусаллаҳ пояи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ба ривоҷу равнақи Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аз лиҳози таъминнокӣ бо техника ва лавозимоти ҷангӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси аз технологияҳои муосир огоҳ, шароити хуби иҷтимоии сарбозону афсарон ва дигар ҷанбаҳои муҳим равона гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар ҷавони бонангу номус мебошад. Бояд ҷавонони мо хуб дарк намоянд, ки ватандӯстӣ- ин арзи садоқат ба Ватан – Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба зиёда аз 40 нафар собиқадорон, афсарон ва сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






