ДАРАХТ БИНШОН! Дар Шаҳринав барои омӯзонидани башаклдарории ниҳолони мевадиҳанда ва токзор машғулият доир карда шуд
ШАҲРИНАВ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар ҶДММ «ИИАС-Шаҳринав»-и Ҷамоати деҳоти Боғистон дар мавзӯи «Шаклдиҳӣ ва шохабурии дарахтони мевадиҳанда, токзор ва муҳофизати онҳо аз касалиҳо ва зараррасонҳо» машғулияти илмӣ-амалии минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар машғулияти илмӣ-амалӣ ходимони пешбари илмии шуъбаҳои Институтҳои мевапарварӣ ва буттамевагиҳо, боғу токпарварӣ ва сабзавоткор, технологияи инноватсионии токпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир ба моҳияти шохабурӣ ва шаклдиҳии дарахтони мевадиҳанда, усулҳои буриши токзор ва хусусияти он, муҳофизати дарахтони мевадиҳандаю ангур аз касалию зараррасонҳо маъруза намуданд.
Дар қисмати дуюми машғулият олимони соҳа шохабурии дарахтони мевадиҳанда, буриши токзор ва намоиши коркарди дарахтони мевадиҳандаю ангурро бар зидди касалию зараррасонҳо дар амал нишон доданд.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Шаҳринав буриши навдаҳои дарахтону пошидани заҳрхимикатҳо оғоз гардидааст. Хушбахтона, зимни машғулияти мазкур кишоварзони ноҳия маслиҳати мутахассисону олимонро шунида, мувофиқи он амал намуда истодаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд






