ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода зиёда аз 100 бех ниҳоли «Павловния»-и голандӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар маркази шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 бех ниҳоли «Павловния»-и голандӣ шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои масъулин, ин ниҳолҳои кӯчак ба дарахтони бузурги сояафкан табдил ёфта, ба кўчаву хиёбонҳои шаҳр зебогии табиӣ хоҳанд бахшид.
Тибқи иттилои мутахассисон, Павловния ё «Дарахти Одам» асрҳо боз дар Япония бо номи «кири» (ҳаёт) парвариш мешуд. Ниҳоли дарахти павловния зудрушдёбанда буда, соле то 3-5 метр қад мекашад. Баъд аз буридан ба тезӣ барқарор шуда, то 70 — 100 сол нашъунамо мекунад. Диаметри танаи он ба як метр ва қадаш вобаста ба шароит то 28 — 30 метр мерасад. Ба хок чандон серталаб набуда, дар заминҳои камоб низ мерӯяд. Ба ҳар ҳол дар заминҳои хокашон ғизоноку сернам зудтар қад мекашад. Як гектари он дар соли сеюм то 100 тонна биомасса медиҳад.
«Дар сурати парвариши ин дарахт дар Тоҷикистон метавон миёни қатори дарахтон 2-3 соли аввал метавон гандум, ҷав, ҷуворимакка, лӯбиё, пахта, нахӯд, тарбузу харбуза кишт кард. Солҳои минбаъда бо гирифтани асал ва фурӯши шоху баргҳои он метавон даромади бештар ба даст овард. Аз тарафи дигар, парвариши павловния хокро аз бодхӯрдашавӣ (эрозия) ҳифз намуда, ҳаворо тоза мекунад», — мегўянд мутахассисон.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода









МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






