Дастаи миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

Февраль 19, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 19.02.2023. /АМИ «Ховар»/. Дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 март дар Дубай бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 28 март дастаи миллии мо дар шаҳри Ал-Кувайт бо тими миллии Кувайт вомехӯрад.

Барои дастаи миллии Тоҷикистон вохӯриҳои дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, ба ҳисоб мераванд.

Бозиҳои дӯстона

 25 март (шанбе)

АМА –  ТОҶИКИСТОН

 Дубай, АМА

 28 март (сешанбе)

Кувайт –  ТОҶИКИСТОН

 Ал-Кувайт, Кувайт

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 19, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод