Дурнамои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки ҷаҳонӣ ва JICA муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 10.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Самех Нагуб Вах ва муовини якуми Директори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон хонум Уно Ҷунко мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки ҷаҳонӣ ва JICA муҳокима гардид.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории ҷойдошта изҳори итминон намуд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки шаҳри Душанбе минбаъд низ босамар идома меёбад.
Зимни мулоқот саҳми бонк ва JICA дар рушди бахши обтаъминкунӣ ва корезӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ ва ислоҳоти идораи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе таъкид гардид.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд






