«Formula 55 Cup». Дар Душанбе мусобиқаи кушоди волейбол доир карда мешавад

Февраль 24, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 феврал то 5 март аввалин ширкати букмекерии «Formula55» мусобиқаи волейбол доир менамояд. Соли дуюм аст, ки мусобиқаи «Formula55 CUP» оид ба волейбол баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.

Дар мусобиқа дастаҳои мардона ва духтарона аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок менамоянд.

Ҷоизаҳои мусобиқа байни мардон барои зинаи якум 5555 сомонӣ, ҷойи дуюм — 3555 сомонӣ ва мақоми сеюм 2555 сомонӣ муайян гардидаанд.

Ҷоизаи мусобиқа байни занон барои ҷойи якум — 2555 сомонӣ ва Ҷоми мусобиқаи «Formula55 CUP», зинаи дуюм — 1555 сомонӣ ва мақоми сеюм — 1000 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур дар муассисаи таълимии варзишӣ №5 баргузор мешавад. Ҳаводорон барои тамошо ва дастгирии дастаҳои волейболи мамлакат даъват карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати букмекерии «Formula55» аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ намудҳои мухталифи варзиш ва чорабиниҳои гуногуни варзиширо дар саросари мамлакат дастгирӣ менамояд.

АКС аз ширкати «Formula55»

Февраль 24, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд