Имрӯз байни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Сурия бозии дӯстонаи дуюм доир мегардад
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия имрӯз, 24 феврал бозии дӯстонаи дуюмашонро анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, соати 16:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.
21 феврал бозии дӯстонаи якум байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.
Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Сурия – 1:0 анҷом ёфт
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор карда мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) вомехӯрад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






