Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 25.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва барфи бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Дар охири рӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона 1+6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб ва бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






