Имрӯз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 16, 2023 08:20

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар ин мақомот доир карда мешавад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Кумитаи андоз (кӯчаи Неъмат Қарабоев, 42/2) баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар вазорати мазкур барпо карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нишасти матбуотиро соати 14:00 дар мақомоти мазкур доир менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар Вазорати адлия доир мешавад.

Нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар Суди Олӣ баргузор карда мешавад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 16, 2023 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст