Иттиҳоди Аврупо аввалин бор аз Офтоб ва бод нисбат ба газ бештар неруи барқ гирифт

Февраль 1, 2023 10:13

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 тибқи ҳисобҳои маркази таҳлилии Ember, Иттиҳоди Аврупо бори аввал аз манбаъҳои барқароршаванда назар ба сӯзондани газ бештар неруи барқ гирифт. Олмон дар Иттиҳоди Аврупо аз ҳама бештар неруи бодӣ ва офтобиро истихроҷ кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ин хусус АМИ «Казинформ» бо истинод ба Deutsche Welle хабар додааст.

Чунин маълумот дар ҳисоботе оварда шудааст, ки рӯзи сешанбеи 31 январ аз ҷониби маркази таҳлилии Ember оид ба сиёсати иқлими Иттиҳоди Аврупо  ба нашр расидааст.

Мувофиқи ҳисобҳо, соли гузашта дар Иттиҳоди Аврупо  тақрибан 22% неруи барқи тавлидшуда ба неруи офтобӣ ва бодӣ рост омадааст, ки нисбат ба пештара зиёд мебошад.  Дар айни замон сӯхтани газ тақрибан 20%-ро ташкил дод, ки  нисбат ба соли 2021 як фоиз камтар аст.

Аз ҳама бештар неруи барқи «сабз»-ро Ҷумҳурии Федеративии Олмон истеҳсол кардааст.

Махсусан, неруи барқи офтобӣ 14 фоизи истеҳсоли умумии неруи барқро дар Нидерландия ва 13 фоизро дар Юнону Маҷористон таъмин мекунад. Дар Олмон ин рақам танҳо қариб 10 фоизро ташкил медиҳад.

Дар мавриди неруи бодӣ бояд гуфт, ки беш аз 50 дарсади истеҳсоли он ба Дания, тақрибан 40 дарсад ба Литва ва тақрибан 35 дарсад ба Ирландия рост меояд. Дар Олмон ҳиссаи неруи барқи бодӣ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: dw.com

Февраль 1, 2023 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст