Кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Сурия дастрас гардид

Февраль 22, 2023 09:01

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 феврал кумаки башардӯстона иборат аз маводи ғизоӣ, либосҳо, кати хоб, лавозимоти тиббии аввалия ва дигар ашёи зарурӣ, дар маҷмӯъ 55 тонна тариқи ду ҳавопаймо ба Димишқ расонида шуд, ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доднд.

Кумакро дар фурудгоҳи байналмилалии Димишқ муовини Вазири умури маҳаллии Сурия Муътоз Дуҳайҷӣ ва комиссияи махсус иборат аз мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Арабии Сурия қабул намуд. Кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Сурия расман супорида шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ дар фурудгоҳи Димишқ дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон вобаста ба заминҷунбии шадид дар Сурия изҳори таслияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба роҳбарият ва мардуми Сурия расонда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон дар асоси пайванди муносибатҳои дӯстӣ бо Ҷумҳурии Арабии Сурия дар ин лаҳзаҳои басе душвор дар канори мардуми зарардидаи Сурия мебошад ва кумаки имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ва сиёсати хайрпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муовини вазири умури маҳаллии Сурия Муътоз Дуҳайҷӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирию расондани кумак ба мардуми Сурия дар чунин лаҳзаҳои душвор миннатдории самимӣ баён намуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Сурия ҳеҷ вақт ин ташаббуси башардӯстонаи Президенти Тоҷикистонро фаромӯш нахоҳад кард, зеро ин тадбири муҳим муҳаббати Ҳукумат ва мардуми Сурияро нисбат ба Сарвари давлати Тоҷикистон бештар намудааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон