Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод
ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Зимни ҷаласаи якуми комиссияи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминларза тобовар марҳилаи аввали фаъолияти гурӯҳҳои корӣ баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2023 пас аз заминларзаҳои рӯзҳои охир дар Туркия ва Сурия бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумат супориш дода буданд, ки намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ назоратро ҷиҳати вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти ба нақша гирифта, суръат ва сифати корҳои сохтмон, инчунин ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо ҷоннок намоянд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






