Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар асоси барномаи Лира-Сапр доир ба мустаҳкамии биноҳо машғулият оғоз намуд

Февраль 28, 2023 18:29

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани масъалаҳои ҳисоби муҳандисии конструксияи бинову иншоот бо назардошти таъсири сейсмикӣ дар асоси барномаи Лира—Сапр машғулияти омӯзишӣ оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисон аз Федератсияи Русия муҳандисон ва конструкторони тоҷикро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тӯли як ҳафта ба омӯзиш фаро мегиранд.

Таъкид гардид, ки пас аз заминларзаҳои шадиди дар давлатҳои Туркия ва Сурия баамаломада бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар бо даъвати Кумита мутахассисон аз Федератсияи Русия ба шаҳри Душанбе омаданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар машғулият масъалаҳои ҳисоби муҳандисии конструксияи бинову иншоот бо назардошти таъсири сейсмикӣ дар асоси барномаи Лира-Сапр омӯзонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2023 пас аз заминларзаҳои рӯзҳои охир дар Туркия ва Сурия бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар мамлакат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2023 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад