Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Пас аз заминларза дар кӯли Сарез ягон тағйирот ба қайд гирифта нашудааст»

Февраль 25, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 23 феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Такони аввали замин соати 5:37 ба вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он дар километри 67-уми самти ғарбии маркази ноҳияи Мурғоб, километри 400-уми ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва километри 30-юми шарқтари кӯли Сарез ҷойгир буд. Қувваи заминларза дар марказ 6,8 балл ва умқи он 20,5 км буд. Бар асари ин заминларза дар кӯли Сарез ягон ҷунбиш ё тағйирот ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл, дар Душанбе 2-3 балл буда, талафоти ҷониву хисороти дигар ба амал наомадаанд.

Ҳамчунин пас аз заминларзаи аввал шаш пасларза ба қайд гирифта шуд.

Тазаккур дода шуд, ки маркази ҳамаи ин заминларзаҳо дар кӯҳҳо, дар маконҳои беодам ва дур аз минтақаҳои маскунӣ, дур аз маркази ноҳияи Мурғоб ва кӯли Сарез ҷойгир буд. Системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол аст ва ягон ҷунбиш ё тағйирот дар он ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бетағйир аст. Яъне, ҷараёни он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад.

Соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд. Дар он замон низ дар Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Февраль 25, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд