Маҳмадтоир Зокирзода дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Февраль 10, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд»  дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар»  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Номбурда иброз дошт, ки имрӯз дар чаҳорчӯби вохӯриҳои машваратӣ дар сатҳи сарони парлумонҳои  давлатҳои Осиёи Марказӣ муколамаи мунтазам ва созанда ба роҳ монда шудааст. Форуми нахустини байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, бешубҳа, барои истифодаи минбаъдаи иқтидори «дипломатияи парлумонӣ ва мардумӣ»-и кишварҳои минтақа бо мақсади мусоидат ба тавсеа ва таҳкими робитаҳои минтақавии байнидавлатӣ дар тамоми самтҳо мусоидат хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки чунин таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ тамоюли босуръати афзоиш доранд. Равандҳои манфии таҳдидҳои афзояндаи амнияти ҷаҳонӣ Осиёи Марказиро низ дар канор намегузоранд. Хавфи таъсири идеологияи ифротгароии радикалии динӣ ба суботи минтақа ҳамчунон зиёд аст. Бо назардошти ин омилҳо мусоидати ҳамаҷонибаи сохторҳои парлумонӣ ба муқовимати муштараки самарабахши давлатҳоямон ба ин таҳдидҳои амниятӣ вазифаи ҳамарӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз фаъолияти муштараки мо барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз пеш муҳим мебошад. Дар ин замина парлумонҳои мо метавонанд ба вусъати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳаматарафа мусоидат намоянд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳри рушди устувори муштарак мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд