Масъулин бо фаъолияти истгоҳҳои обуҳавосанҷии «Майхура» ва «Ҳушёрӣ» аз наздик шинос шуданд

Февраль 18, 2023 13:58

ДУШАНБЕ,19.02.2023/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва дигар масъулон бо фаъолияти истгоҳи обии «Ҳушёрӣ» ва истгоҳи  обуҳавосанҷии «Майхура»-и ноҳияи Варзоб шинос гардиданд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Гуфта шуд, ки соли 2014  дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ — «Модернизатсияи хадамоти гидрометеорологии давлатҳои Осиёи Марказӣ» истгоҳи обии «Ҳушёрӣ» ва истгоҳи   обуҳавосанҷии «Майхура» ба реҷаи худкорӣ гузаронида шуда буд.

Бояд тазаккур дод, ки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва  Агентии обуҳавошиносии мамлакат ҳар сол ба қаторкӯҳҳои ҷумҳурӣ  бо мақсади омӯзиши қабати барф, ҳаҷм ва зичии барф дар пиряхҳои асосии Тоҷикистон, парвозҳои аэровизуалӣ ва экспедитсияҳои пиёдагард мегузаронанд, ки маълумоти онҳо дар оянда ҳамчун маводи таҳлилӣ барои пешгӯии сатҳи об ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ мусоидат менамояд.

    АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд