«МУШКИЛОТИ ГЕОЛОГӢ ВА САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ». Таҳти ин мавзӯъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид

Февраль 18, 2023 08:22

ДУШАНБЕ, 18.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки конференсияи мазкур аз ҷумлаи чорабиниҳои илмиест, ки табодули андеша ва ақоиди пешқадами олимону муҳаққиқони соҳавиро дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат муттаҳид сохта, дар амалисозии ин иқдоми муҳим заминаи устувор мегузорад.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки устувории иқтисоди миллӣ аз рушди саноат вобастагии зиёд дошта, истифода аз ашёи хоми ватанӣ метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд.

Тавре таъкид шуд, дар шароити муосир таъмини устуворӣ ва беҳбуди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса дорад. Дар марҳилаи саноатикунонии босуръат кормандони соҳаи илм ва маорифро зарур аст, ки дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллии кишвар саҳмгузор бошанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 18, 2023 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад