Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид

Октябрь 17, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон дар  вилояти Суғд 109 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намудаанд, ки дар натиҷа 800 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноатӣ,  истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар вилоят 4474,3 миллион киловат соат неруи барқ ба маблағи 2313,7 миллион сомонӣ истифода шуда, 2405,7 миллион сомонӣ пардохт гардидааст, ки 104 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 1351 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1313 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият карда, намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба 271 номгӯй расонида шудааст. Дар  онҳо садҳо  ҷойи кории нав муҳайё гардидаанд. Танҳо дар марҳалаи дуюми корхонаи металлургии «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» дар шаҳри Истиқлол ва корхонаи оҳаки ҷамъияти мазкур 320 ҷойи кории нав муҳайё карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба  истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Октябрь 17, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад