Наҷотдиҳандагони тоҷик корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳиро дар вилояти Ҳатайи Туркия идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар вилояти Ҳатайи Туркия ҷасади 6 шаҳрванди ҳалокшударо аз зери харобаҳо берун бароварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
18 феврал наҷотдиҳандагони тоҷик аз шаҳри Қаҳрамонмараш ба вилояти Ҳатайи Туркия рафтанд.
Ҳатай яке аз вилоятҳои бузурги Туркия мебошад, ки бо Сурия ҳаммарз аст.
Маврид ба ёдоварист, ки тӯли чанд рӯзе, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараш наҷотдиҳандагон саргарми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот буданд, 196 ҷасади ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо берун оварданд.
Инчунин се нафарро зинда пайдо карда, наҷот доданд, ки ду нафарашон тифлон буданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






