Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва таҳкими Гвардияи миллӣ бузург аст

Февраль 23, 2023 11:03

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гвардияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат буда, дар тобеияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад ва аз ҷумлаи неруҳои захиравии Сарвари давлат ба ҳисоб меравад.

Ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) нахуст бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд.

Ҳайати шахсии Гвардия аз рӯзҳои аввал бо устуворию матонат ба иҷрои хизмат шурӯъ карда, дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар майдони ҳарбу зарб ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва мардуми ҷумҳурӣ гардид.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони Гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Корнамоӣ ва шуҷоати 302 нафари онҳо бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст, ки 79 нафарашон дар сангарҳо ҳалок гаштаанд.

17 январи соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 5-солагии таъсиси Гвардияи президентӣ суханронӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон роҳи 5-солаи тайкардаи Гвардияро баҳогузорӣ намуда, иброз карданд, ки қисми ҳарбӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ҷумҳурӣ саҳми босазое гузошт ва маҳз дар заминаи он соли 1995 Гвардияи президентӣ ташкил карда шуд. Кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии солҳои 1995-98, ки мардуми мамлакатро ба ташвиш оварда буданд, маҳз дар натиҷаи мардонагиву фидокории сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи президентӣ рафъ карда шуданд[1].

26 январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва дар фаъолияти Гвардия марҳилаи нав оғоз гардид. Дар баробари қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сохтори ташкилии он тағйироти куллӣ ворид карда шуда, марҳилаи нави гузариш ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намуд.

Принсипи асосии фаъолият, нишон ва рамзҳои фарқкунанда, вазифаву ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, таъминоти техникӣ, молиявӣ, моддӣ ва маънавии Гвардияи миллӣ муайян гардид. Ҳамчунин вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд. Ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, пешвоз ва гусели меҳмонони олимақоми хориҷӣ, иштирок ва таъмини амнияти шахсони расмӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимӣ аз қабили вазифаҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд[2].

17 июли соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии наваскарони Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Ба зиммаи ҳар хизматчии ҳарбӣ, -таъкид намуданд Сарвари давлат, — вогузор намудани вазифа ва масъулияти баланди хизмат ба Ватан маҳз аз рӯзи савгандёдкунӣ оғоз меёбад. Дар баробари савгандёдкунӣ хизматчии ҳарбӣ ба унвони аскар мушарраф гардида, барои ҳифзи Ватани худ уҳдадор мегардад”.

Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ наваскарон аз назди минбар ботантана қадам зада, садоқату матонати хешро ба халқу Ватан изҳор намуданд. Сипас аз майдон қатори техникаҳои муқтадири низомӣ гузашта, афсарону сарбозон омодагии доимии худро дар ҳифзи истиқлоли миллӣ ва амнияту оромии мамлакат  ифода карданд[3].

5 майи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойгоҳи саҳроии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Қаратоғ дар машқҳои фаврии қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мақсади гузаронидани машқҳои таълимӣ асосан мукаммалгардонию ҳамоҳангсозӣ ва баҳамории амалиёти гурӯҳҳои фаврӣ ҳангоми амалиёти ҷангӣ, мудофиа, ҳуҷуми ҷавобӣ ва таъқиби сарҳадшиканон дар ҷараёни ҳифзи сарҳад ва иншооти муҳимми иқтисодию стратегии давлатӣ, мубориза бар зидди терроризм ва барҳам додани гурӯҳҳои  мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ мебошад.

Баъди анҷоми машқҳои тактикӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ афсарону сарбозони Гвардияи миллиро вазифадор намуданд, ки бобати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, риояи меъёрҳои оинномавӣ ва интизоми ҳарбию хизматӣ талаботи қатъӣ ҷорӣ намуда, ҷиҳати таҳкими амнияти давлатӣ, садоқат ба Ватан, риояи Конститутсия, ифтихор ва нангу номуси миллӣ тарбияи ватандӯстиро пурзӯр намоянд[4].

30 августи соли 2005 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз қисми низомии Гвардияи миллӣ дидан карда, бо шароити зист ва вазъи омодагии қисмҳои ҳарбӣ шинос шуданд ва онҳоро бо иди истиқлол табрик намуданд.

4 феврали соли 2006 қароргоҳи отряди алоҳидаи таъйиноти махсуси Гвардияи миллии Тоҷикистон вазъияти идона дошт. Дар фазои тантанавӣ беш аз 300 нафар сарбозони Гвардияи миллӣ баҳри садоқат ба халқу Ватан савганди низомӣ ёд карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади табрики ин наваскарони хуштолеъ ва баҳри шиносоӣ бо вазъи омодагии ҷангию рӯҳии ҳайати шахсӣ, шароити хидматию маишии онҳо ба ин қисми низомӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наваскаронро бо ин рӯзи барояшон фаромӯшнопазир табрик намуда, аз шароити хидматию маишӣ, ҷараёни таълиму тарбия дар қисми низомӣ пурсон шуданд.

Таъкид карда шуд, ки сафҳои Гвардияи миллӣ асосан бо афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ ва дараҷаи баланди тахассусӣ мукаммал гашта, сарбозон низ дар асоси санҷиши дақиқи саломатӣ ва мутобиқат ба талаботи махсуси ҳарбӣ ба хизмат даъват карда мешаванд[5].

18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуда буд. Ин шарафи бузургро аз фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд[6].

1 январи соли 2007 дар таърихи Гвардияи миллӣ бори аввал ҳайати шахсии он ба ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳими давлатӣ шурӯъ намуд. Иҷрои ин вазифаи муҳими давлатӣ, ки масъулияти зиёд талаб мекунад, барои ҳайати шахсӣ мояи ифтихору сарбаландист.

Хизматчиёни ҳарбие, ки ба иҷрои ин вазифаҳо сафарбар шудаанд, аксаран дастпарварони Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ мебошанд. Маркази тайёрии кадрҳо дар тарбияи мутахассисони хурд ва омода намудани наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, барои баланд бардоштани савияи дониши афсарони ҷавон мавқеи махсус дорад. Пас аз адои якуним соли хизмат сарбозоне, ки қобилияти баланди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доранд, ба курсҳои махсус ҷалб карда мешаванд. Барои пурсамар гузаронидани машғулияти таълимӣ дар Маркази мазкур синфхонаҳои муҷаҳҳази компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар шароиту имконияти таълимӣ пурра фароҳам оварда шудааст.

25 ноябри соли 2008 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ шифохонаи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити табобатӣ ва будубоши беморон дар ин шифохона зикр гардид, ки ин биноҳо аз солҳои 90-уми асри гузашта ин ҷониб дар ҳолати ногувору валангорӣ қарор доштанд ва дар зарфи як сол бо харҷи 1 миллиону 730 ҳазор сомонӣ маблағи аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогашта аз нав ободу зебо ва муҷаҳҳаз карда шуданд. Таҷҳизоти аз ҳама гаронарзиши воридшуда барои ташхиси бемориҳои гуногуни дарунӣ, амалиёти ҷарроҳӣ ва физиотерапия пешбинӣ шудаанд, ки барои сарбозону афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон ва мардуми деҳоти атроф туҳфаи бебаҳост.

Шифохона аз 9 шуъбаи табобатӣ, аз ҷумла шуъбаҳои ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ, дандонпизишкӣ, физиотерапия, бемориҳои дарунӣ, асаб, сироятӣ, пӯст ва ғайра иборат аст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоти хушсифати ҳозиразамон таъмин гаштаанд[7].

30 августи соли 2011 дар маросими афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландии он 165 метрро ташкил медиҳад, хайати шахсии қаровули фахрии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии давлат ва ватандӯстии мардуми тоҷик афрохта шуд, ки қаравули фахрии Гвардияи миллӣ як ҷузъи фарқкунанда ва рамзи соҳибдавлатӣ дар ҳамаи он иштирок менамояд. Дар ин маросимҳо оркестри ҳарбӣ-нафасии Гвардияи миллӣ ҳайати шахсии баталёни қаравули фахриро ҳамроҳӣ менамояд. Ҳайати шахсии оркестр маҳорати хуби касбӣ дошта, дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ иштирок мекунад[8].

25 сентябри соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити хизматии афсарону сарбозон шинос гардиданд.

Сарвари давлат зимни суҳбати озоду самимӣ афсарону сарбозонро ба хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд.

Қисми ҳарбии мазкур яке аз воҳидҳои таъйиноти махсус буда, бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, лавозимоту муҳимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои махсуси муосир таъмин карда шудааст. Намунаи бештари ин воситаҳои муосири техникӣ, ки барои воҳидҳои махсус пешбинӣ шудаанд, дар саҳни қисми ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд[9].

13 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19-уми ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматию таълимӣ ва будубоши доимии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтару намунавӣ кардани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд[10].

4 сентябри соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 20-уми таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар Кохи Борбад баргузор гардид, ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, роҳбарони якчанд сохтори қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ ва кулли мардуми мамлакатро бо 24-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Гвардияи миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ таманно намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки “мо ин воҳиди низомиро дар даврае таъсис додем, ки мамлакатамон дар вазъи ниҳоят вазнину ҳассос қарор дошт. Бинобар ин, ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар марҳалаи аввали ташаккулёбии худ дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳи хеле душвору сангин, вале пуршарафро сипарӣ карда, номи пурифтихори родмарди гвардияро бо нишон додани намунаҳои беҳтарини ҷасорату ҷавонмардӣ ҳифз намуд. Имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки Гвардияи миллии мо дар солҳои мавҷудияти худ дар бисёр набардҳои сангин фаъолона иштирок кард ва ҳайати шахсии он фидокориву шуҷоат нишон дода, барои таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа саҳми сазовор гузошт. Ҳайати шахсии он то имрӯз ба Ватан ва мардуми худ ҳамчун кафили суботу оромии ҷомеа ва муҳофизони марзу буми кишвар вазифаҳои касбии худро сарбаландона иҷро карда истодааст. Фаъолияти бистсолаи Гвардияи миллӣ собит месозад, ки он ҳоло ба мактаби омодасозии кадрҳои содиқу вафодор табдил ёфтааст ва хизмат дар сафҳои он мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад.”[11]

14 феврали соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ — хизматчиёни  ҳарбии Гвардияи миллӣ даъват карданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд[12].

Хизмат дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорӣ мебошад. Ин ҷо ҷавонон бо азму иродаи қавӣ хизмати ҳарбиро ихтиёр карда, таълим мегиранд. Бештари онҳо тайи хизмати дусолаи ҳарбӣ дар рӯҳияи ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба Президенту мардуми бузурги тоҷик тарбия ёфта, хизматро дар ин сохтори бонуфузи низомӣ идома медиҳанд.

Табиист, ки дар сурати мавҷуд будани ҳавасмандӣ сифати хизмат ба маротиб боло меравад. Ин аст, ки дар самти баланд бардоштани омодагии ҷангӣ қисмҳои низомии Гвардияи миллӣ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд.

Маълум аст, ки мавқеи ҳар сохтори низомиро дараҷаи омодагии ҷангӣ, таъминоти аслиҳаву техника, интизом ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ муайян мекунад. Гвардияи миллӣ ба ғайр аз машқҳои саҳроӣ, чорабинӣ ва машғулияти гуногуни ҳарбӣ ҳар сол дар асоси ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомии дохилу хориҷи мамлакат  фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши ҳарбии хешро такмил медиҳанд. Аз ҷумла, дар машқҳои васеи низомӣ, ки дар якҷоягӣ бо Қувваҳои дастҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ фаъолона ширкат мекунад.

Гвардияи миллии Тоҷикистон ҳамчунин барои беҳтар намудани вазъи таъминотӣ ва дараҷаи тахассусии афсарону мутахассисонаш бо бисёр кишварҳо ҳамкории судманд дорад. Ҳамкории пурсамар бо сохторҳои ҳамтои худ дар Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳо ба роҳ монда шудааст.

Умуман, ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии Гвардияи миллӣ эътимоди қавӣ доранд, ки ин шохаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ метавонад дар таъмини бехатарии мамлакат дар ҳамбастагии зич бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ саҳми намоён дошта бошад.

3 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, ҳайати шахсии онро бо солгарди 19-уми истиқлоли давлатии мамлакат ва ҷашни 15-солагии таъсиси Гвардия миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат бо қироати сипосномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати шахсии Гвардияи миллии мамлакат ба ин сохтори қавии Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизматҳои шоёни таҳсин ва нишондиҳандаҳои баланди ҳарбию интизомӣ байрақи ҷангӣ тақдим карда шуд.

Сипас ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ ба Президент, Ватан ва халқи бузурги тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати ҳарбиёна савганд ёд намуд. Аз ин лаҳзаи фараҳбахш ҳайати шахсии Гвардия боз ҳам дучанд, бо азму иродаи қавӣ, мустаҳкаму матин, баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Ватани азиз ва баҳри иҷрои намунавии вазифаҳои худ, ки қарзи муқаддаси ҳар соҳибватан аст, устуворона қадам мегузоранд.

Қобили зикр аст, ки бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бонувон — хизматчиёни ҳарбии гвардия дар ҳайати 53 нафар (як қуттӣ) дар ҳамин расми гузашти низомӣ ба муносибати 15-солагии Гвардияи миллӣ иштирок карданд.

Маҳз дар ҳамин чорабинии тантанавӣ бори аввал ҳайати шахсии Қаровули фахрӣ машқҳои махсуси низомиро бо сару либоси намунаи нав, ки бо нақшу нигор ва рамзу нишонҳои фарқкунандаи миллӣ ороиш ёфта, хусусияти хоси артишу давлатдории тоҷиконро аз таърихи ниёгон муаррифӣ менамояд, иҷро карданд[13].

3 сентябри соли 2020 дар қароргоҳи Гвардияи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми гузашти низомӣ бахшида ба 25-солагии таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 25-уми таъсиси Гвардияи миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе баргузор гардид[14].

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА

 

[1] Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов: Оғози марҳалаи созандагӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 2000–2003). Китоби 3.– Душанбе: «Деваштич», 2006. – С 14

[2] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. соли 2004, №7, мод.457

[3] Шарипов А., Шамсиддинов С. Эмомалӣ Раҳмонов: Соле, ки ба қарнҳо баробар аст (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2004). Китоби 4. – Душанбе: «Деваштич», 2006. – С 158-159.

[4] Иштирок дар машқҳои фаврии қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ (05.05.2005) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/11269

[5] Шарипов А., Сироҷов З. Эмомалӣ Раҳмонов: Соли тамаддуни ориёӣ. (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2006).– Душанбе: «Деваштич», 2006. – С.76–81

[6] Шарифзода А. Фаттоев С. Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва форсӣ). – Душанбе, 2007 – С.18

[7] Шарифзода А., Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рӯдакӣ. (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2008). Китоби 8. – Душанбе, 2011. – С. 384–386

[8] Шарифзода А. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). – Душанбе, 2012. – 108 с

[9] Ифтитоҳи шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ ва шиносоӣ бо қисми низомии Гвардияи миллӣ дар ноҳияи Рашт // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/5204

[10] Иштирок дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19–уми Гвардияи миллии Тоҷикистон // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/7686

[11] Суханронӣ ба муносибати 20–умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/9777

[12] Ифтитоҳи Хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/17105

[13] Шарифзода А., Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон ва соли маориф ва фарҳанги техникӣ. (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2010). Китоби 10. Нашри дуюм.  \– Душанбе: «Ирфон», 2011. – С. 258-259

[14] Ҳамон ҷо, — С. 209.

Февраль 23, 2023 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин