НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ITB BERLIN 2023. Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар он омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2023 иштирок менамоянд, ҷаласа баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Ба роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори намоиш, муаррифии шоистаи иқтидорҳои сайёҳӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, нишон додани эҳсоси баланди ватандорӣ ва меҳмондории миллати тоҷик тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.
Имсол дар намоишҳои ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд.
«ITB Berlin» намоишгоҳи пешоҳанги тиҷоратии ҷаҳонӣ ва тарғиботӣ оид ба имконоти сайёҳии ҳар давлат мебошад. Бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати мамлакат иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлакат бисёр муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Аврупою Осиё вусъат дода шавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
«НАҚЛИЁТИ «ҲУШМАНД»». Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи рушди ин намуди нақлиёт баргузор гардид
Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и Варзишгоҳи миллӣ босуръат идома дорад
Дар нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул иқтидори маъдании Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«КАРТОТЕКА». Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба низоми нави рақамии баҳисобгирии маблағу воситаҳо мегузарад
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд






