Намояндагони Академияи идоракунии давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз бо сокинон мулоқот оростанд
ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти ватандӯстии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси худогоҳию худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пешгирии зуҳуротҳои номатлуби терроризм, экстремизм ва радикализм гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбату вохўриҳо доир менамоянд. Аз ҷумла, гурўҳи мазкур айни замон бо кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохўрӣ мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
16 феврал гурӯҳи кории таблиғотии мазкур бо фаъолони ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ намуд. Иброз гардид, ки мақсад аз ин суҳбату мулоқотҳо бори дигар расонидани таъкидҳо, дастуру ҳидоятҳо ва дар амал татбиқ намудани роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолӣ ҷиҳати пешрафти ҷумҳурӣ мебошад.
Иброз гардид, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худогоҳию худшиносии тамоми сокинони мамлакат махсус таъкид карда шуд, ки: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».
«Моро зарур аст, ки дар партави ин таъкидҳои Пешвои миллат ватандӯсту худшинос бошем ва барои рушди минбаъдаи давлатамон эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллиро дар худ тақвият бахшем»,-таъкид намуданд аъзои гурўҳи корӣ.
Аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз се ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» тақдим карда шуд. Китоби мазкур хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда мерасонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул медиҳад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






