Намояндагони ширкати «GAZ Group»-и Русия аз корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон боздид намуданд

Февраль 17, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал намояндагони  ширкати «GAZ Group»-и вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои «Тоҷфилиз» ва «Хуҷанд-ЗИЛ»-и шаҳри Бӯстон боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Тоҷфилиз» ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, самти фаъолияти он истеҳсоли мех ва мехҳои печон бо истифода аз ашёи хоми воридотӣ аз Русия, Қазоқистон ва Чин мебошад.

Таъкид гардид, ки маҳсулоти тайёри корхона воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида мебошад.

Дар корхонаи «Хуҷанд-ЗИЛ»-и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» иттилоь дода шуд, ки масоҳати умумии  корхонаи мазкур 19 гектар буда, дар он 15 коргоҳи истеҳсолии калонҳаҷм  мавҷуд мебошанд, ки  метавон онҳоро барои истеҳсоли мошинсозӣ истифода кард.

Намояндаи ширкати «GAZ Group»-и Русия зимни боздид маълумот дод, ки дар истеҳсолоти корхона мошинҳои мусофиркашонии тамғаҳои «ГАЗел», «ГАЗ»,  автобусу микроавтобусҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти замонавии ёрии таъҷилӣ ва дигар намуди нақлиёт истеҳсол мешаванд.

Иттилоь дода шуд, ки  корхонаи мазкур дар 4 вилояти Русия чунин корхонаҳоро ба истифода додааст, ки дар онҳо қариб 20 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар натиҷаи сафари кории гурӯҳи сохибкорони вилояти Суғд ба вилояти Нижегородск тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз имконоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд корхонаи мошинбарорӣ ба роҳ монда шавад.

Зимни шиносоӣ бо имконоти корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон тазаккур дода шуд, ки корхонаҳои ҶДММ “Тоҷфилиз” ва корхонаи «Хуҷанд-ЗИЛ» имкон доранд барои мошинҳои аз ҷониби ширкати Русия истеҳсолшаванда корпусҳои асосӣ ва қисмҳои зарурии нақлиётро вобаста бо фармоиш пешниҳод намоянд. Тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати рушди соҳа ҳамкории корхонаҳо ба роҳ монда шавад.

Шаҳри Бӯстон шаҳри саноатӣ буда, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷо бо соҳибкорони ватанӣ азм дорад шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолиро дар шаҳр зиёд намояд.

Дар айни замон дар шаҳри Бӯстон 45 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, 12 адади он соли 2022 ба қайд гирифта шуд. Саноатчиёни шаҳри Бӯстон соли 2022 ҳаҷми истеҳсолро ба 673 млн сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2021  117, 4 фоизро ташкил дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Февраль 17, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд