НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 398 нафар барои напардохтани маблағи алимент дар кофтуков қарор доранд

Февраль 6, 2023 15:28

ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба 398 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо таъйиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро кофтуков эълон шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Ба гуфти Барно Саидвализода, соли сипаригардида ба Хадамот 11 636 санади истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд. Ин маблағ назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 46,1 фоиз зиёд мебошад.

«Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 538 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд»,- илова намуд сардори Хадамоти иҷро.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 5 679 нафар шахсони воқеӣ ва 201  нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуданд. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 7 844 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шуд.

«Амали мазкур натиҷаи мусбат дода, 800 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардиданд. Маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 6,3 млн сомонӣ аз онҳо ситонида шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 92 фоиз зиёд мебошад»,-изҳор дошт Сардори Хадамот.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар самти қонунгузорӣ Хадамоти иҷро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» — ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки он аз 13 июни соли сипаригардида мавриди амал қарор дорад. Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Хадамот якчанд лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд, ки дар айни замон мавриди амал қарор доранд. 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст