НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар низоми бонкии Бадахшон ҳисоббаробаркуниҳои ғайрнақдӣ вусъат меёбанд

Февраль 8, 2023 19:32

ХОРУҒ, 08.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки кормандони низоми бонкии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Шодигул Мадшоева изҳор дошт, ки «ҳоло дар ҳудуди вилоят 69 воҳиди сохтории ташкилоти қарзӣ фаъолият мекунанд. Бақияи сандуқи қарз дар муқоиса ба як соли пеш 27 фоиз, қарзҳои додашуда 19 фоиз ва бақияи пасандозҳо 2,2 фоиз афзоиш ёфтааст», хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ ва бахусус ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз ҷониби низоми бонкии Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар нуқтаҳои  савдою хизматрасонӣ 277 адад пос-терминал ва 107 GR-рамз насб карда шуданд, ки барои муомилоти ғайринақдӣ заминаи устувор мегузоранд. Банкоматҳои шаҳру ноҳияҳо сари вақт бо маблағ таъмин мегарданд ва то имрӯз шикояте дар ин бора аз муштариён нарасидааст.

Сардори филиали 66-уми Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилоят Ҳувайдо Хуҷамриев зимни суҳбат бо хабарнигорон баён дошт, ки «давоми як сол шумораи  постерминалҳо ва банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ин давра барномаи мобилии «АмонатМобайл» бо мақсади пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз, таҳсил, маблағи телефони мобилӣ, интиқоли пул аз як корт ба корти дигар ва амалиёти дигари бонкӣ ба таври васеъ роҳандозӣ гардид. Акнун муштариён бе сарфи зиёди вақт ва хароҷоти роҳкирову навбатпоӣ аз хона набаромада, ҳаққи ин хизматрасониҳоро пардохт карда метавонанд. Бо ҳамин усули замонавӣ акнун мизоҷони бонк ба қарзҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат аз 18 то 24 фоиз  бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоиз бо асъори хориҷӣ дастрасӣ пайдо намуданд».

Соли гузашта филиали «Амонатбонк» дар  вилоят ба 3 ҳазору 503 мизоҷ ба маблағи беш аз 68 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.

Сардори филиали 66-уми Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  гуфт, ки «соли равон  иқдоми «Баҳор -2023» дар самти кишоварзӣ бо 18 фоизи солона ба муҳлати 36 моҳ, дастгирии соҳибкорзанони фаъол дар ҳаҷми 20 фоизи солона барои 4 сол, иқдоми «Автокредит» барои харидани нақлиёт ба андозаи 22 фоизи солона бо назардошти 30 фоизи пешпардохт муқаррар гардид, ки маблағи қарзӣ 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бонк ҳамчунин барои соҳибкорони инфиродӣ низ иқдоми хуби «Хариди мол тавассути қарз» роҳандозӣ кард. Шахсоне, ки музди меҳнаташон тавассути филиали БДА «Амонатбонк» пардохт мегардад, танҳо бо пешниҳод намудани  нусхаи шиноснома ин маблағро гирифта метавонанд».

Зимни нишасти матбуотӣ масъулони дигар бонкҳои амалкунанда дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо шумули «Аввалин бонки молиявии хурд», ташкилоти қарзии хурди «Рушди кӯҳистон», филиали Ориёнбонк, Бонки Эсхата, Ташкилоти қарзии хурди «Мадина», Маркази хизматрасонии бонкии «Арванд», Филиали КВД «Саноатсодиротбонк» ва Маркази хизматрасонии «Душанбе Сити» ба суолҳои намояндагони воситаҳои  ахбори омма посух доданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2480 сомонӣ муқррар шудааст
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2482 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0980 то 0.1077 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2492 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.5000 то 10.7886 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2520 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1111 то 0.1020 сомонӣ муқррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1007 сомонӣ муқррар шудааст
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир гардид