НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Мушкили норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ҳалли худро меёбад?
НУРОБОД, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бартараф карда мешаванд. Имрӯзҳо сокинони маркази ноҳияи Нуробод — шаҳраки Дарбанд дар таъмини оби нӯшокӣ хусусан дар фасли зимистон мушкилӣ доранд.
Раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба саволи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД вобаста ба ин мушкилӣ иброз дошт, ки «дар мавзеъҳои гуногуни шаҳраки Дарбанд бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 3 адад чоҳҳои амудӣ канда, ба истифода дода шудаанд. Ин чоҳҳо қисматҳои алоҳидаи марказро бо оби нӯшокӣ таъмин менамоянд. Ҳамчунин ҷиҳати барқарор намудани хати оби нӯшокии Сари Қош, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буд, мо кӯшиш карда, насосҳои обкаши онро таъмири пурра намудем. Вале дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки бинобар сабаби солҳои тӯлонӣ истифода накардани ин хати оби нӯшокӣ зиёда аз 300 метр қубури он пурра хароб гардидааст. Хушбахтона, мо манбаъҳои маблағгузорӣ барои хариди ин қубурҳоро пайдо намудем ва ваъда медиҳем, ки моҳҳои наздик бо барқарор гардидани ин хати оби нӯшокӣ мушкилоти мардум пурра бартараф мегарданд».
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин иброз гардид, ки дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маром идома дошта, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорону ҷалби соҳибкорон бунёди 97 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 12 иншоот, фарҳанг- 3 иншоот, тандурустӣ- 7 иншоот ва саноатию истеҳсолӣ 9 иншоот сохта, ба истифода дода мешаванд. Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар 77 иншоот идома дошта, соли 2022 16 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






