Офатҳои табиӣ ба хоҷагии халқи ноҳияи Шуғнон зиёда аз 1,5 млн сомонӣ зарари молиявӣ расониданд

Февраль 20, 2023 18:40

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон бо заҳмати шабонарӯзии роҳсозони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонроҳи автомобилгард дар ҷамоати деҳоти Вер пурра аз тарма тоза карда шуда, айни ҳол роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон дар ҳамаи самтҳо ба истиснои ағбаи Куҳтезак кушода мебошанд. Ин матлаб имрӯз, 20 феврал зимни ҷаласаи кории назди роҳбарияти ноҳияи Шуғнон  баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳия як нафар сокини ноҳия ба ҳолакат расида, як хонаи истиқоматӣ пурра хароб гашт, ду  хонаи истиқоматӣ қисман ва ҳафт хонаи истиқоматӣ зарари сабук диданд, ҳамчунин роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъйиноти гуногун хароб гардида, дар маҷмӯъ ба хоҷагии халқи ноҳия ба маблағи зиёда аз 1,5 млн сомонӣ зарари молиявӣ расонида шуд.

Зимни ҷаласаи корӣ масъалаҳо оид ба офати табиӣ, аз ҷумла бориши зиёди барфу борон, ки рӯзҳои охир дар ҳудуди ноҳия ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа резиши тармаҳо ва селфароӣ ба хоҷагии халқи ноҳия хисороти зиёд расонид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тазаккур дода шуд, ки бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали якчанд вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф намоянд.

Таъкид карда шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Февраль 20, 2023 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД» . Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид