Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд

Февраль 5, 2023 14:30

ДУШАНБЕ, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири комилан нав, ки мухторияти донишгоҳро дар шароити феълии ҷомеа ифода мекунад, таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар ин хусус 31 январ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 иброз дошт.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар якҷоягӣ бо Оиннома сохтори донишгоҳ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардидааст, тасдиқ карда шуд. Вобаста ба ин, шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 ҷиҳати ба талаботи оинномаи нав ва сохтори нав тасдиқгардида мутобиқ сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. То охири сол тамоми санадҳои донишгоҳӣ, аз ҷумла Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии донишгоҳ, низомнома ва дастурамалҳои вазифавии кормандони сохторҳои таркибии донишгоҳ таҷдид, таҳия ва бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардиданд.

Зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки соли сипаригардида бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муназзам гардонидани корҳои таълимию илмӣ, тарбиявию ташкилӣ ва хоҷагидорӣ дар донишгоҳ як силсила тадбирҳо андешида шуда, дар ҳама самтҳо дастовардҳо рӯйи кор омаданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2023 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?