Олимон шарҳ додаанд, ки чаро баҳр аз соҳилҳои наздик ба Истанбул канор рафтааст

Февраль 16, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал баҳри Мармар ногаҳон аз соҳили минтақаи Авҷилар 15-20 метр канор рафт. Олимон мегӯянд, ки ин сабаби нигаронӣ буда наметавонад: ин ба фаъолияти сейсмикӣ ҳеҷ иртибот надорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар медиҳад.

Тавре нашрияи туркии Iha навиштааст, дар расадхонаи Кандиллӣ нақл карданд, ки ин падидаи ҳавошиносӣ бар асари коҳиши фишор ба вуҷуд омада, ба заминларза ягон иртибот надорад.

Дар наворе, ки тавассути ҳавопаймои бесарнишин гирифта ва дар интернет нашр гардидааст, дида мешавад, ки об ба масофаи хеле дур рафта, қум ва ҳатто сангҳоро дар баъзе ҷойҳо намоён кардааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 16, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид