ҶОМИ ФФТ-2023. Дар даври нимниҳоӣ КМВА – «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» бо ҳам бозӣ мекунанд

Февраль 20, 2023 11:11

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 ба охир расид ва иштирокчиёни даври нимниҳоӣ муайян карда шуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ½-ниҳоии мусобиқот 22 феврал КМВА – «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» бозӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсия-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Даври ½-ниҳоӣ

22 феврал (чоршанбе)

11:00 – КМВА – «Панҷшер»

14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

25 феврал (шанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

15:00 – Финал

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 20, 2023 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод