«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-ИФШОГАРИ РОЗИ ДИЛИ МАРДУМ». Таҳти чунин унвон дар Парлумони Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Февраль 21, 2023 17:07

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паёми Президенти Тоҷикистон -ифшогари рози дили мардум» ҳамоиш баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим мегузоранд.

Гуфта шуд, ки аз мазмуну муҳтавои ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои мардуми мамлакат, рушду ободии Ватан, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар анҷом ба саволҳои сершумори иштирокчиёни ҳамоиш посух гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2023 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд