Президенти Туркия ба кори анҷомдодаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни сафари корӣ ба вилояти Ҳатай бо кори ҷустуҷӯию наҷотдиҳии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
Зимни суҳбат бо наҷотдиҳандагони тоҷик Реҷеп Тайип Эрдоган ба кори онҳо баҳои баланд дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми халқи тоҷик барои кумаку дастгирӣ дар чунин лаҳзаи барои мардуми Туркия мушкил, ки дар паҳлуи онҳо қарор гирифта, кумаки башарӣ расониданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯиву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.
Президенти Туркия ҳамчунин иброз дошт, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти наҷотдиҳандагони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва лаҳза ба лаҳза онро пайгирӣ мекунад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






