Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд

Февраль 28, 2023 08:19

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 2-3 март сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша  аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Зимни сафар рӯзи 2 март иштироки  Михаил Мишустин дар конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди байниҳукуматӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 миллион доллар сармояи русӣ ворид гардидааст. Инчунин дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Русия даҳҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, инфрасохтори гуногун, бахусус муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2023 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид