САҲИФАИ НАВИ РУШДИ ҶУДО ДАР ТОҶИКИСТОН. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ташкилоти «J-Sport»-и Ҷопон созишнома имзо карданд

Февраль 10, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал дар Душанбе маросими баимзорасони Созишнома байни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ташкилоти «J-Sport»-и Ҷопон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Созишномаро раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва роҳбари ташкилоти «J-Sport», профессори ҷопонӣ Озикей Такахисо имзо карданд.

Тавре тазаккур дода шуд, ин созишнома дар рушди варзиши ҷудо дар Тоҷикистон саҳифаи нав боз мекунад ва барои татбиқи ғояҳо ва барномаҳои нав заминаи мусоид мегузорад.

Пас аз имзои созишнома бо иштироки роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, «J-Sport» ва мураббии ҷопонӣ оид ба ҷудо Тамура Тори нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

«Ин созишномаи дарозмуддат то соли 2028 давом ёфта, дар давраҳои олимпӣ — Париж-2024 ва Лос-Анҷелес-2028 амалӣ хоҳад шуд», — таъкид кард роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Дар доираи созишномаи мазкур бо ҷалби мутахассисони ҷопонӣ Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба нақша гирифтааст, ки мураббиёни соҳибтахассус ва доварони миллӣ тайёр карда, инчунин дар саросари ҷумҳурӣ интихоби ҳадафмандонаро байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон роҳандозӣ намояд.

Бино ба гуфтаи роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, яке аз омилҳои аслии ҷалби мутахассисони ҷопонӣ ва ҷорӣ намудани усули ҷопонии омода кардани варзишгарон натиҷаҳои назарраси онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин ташклилот солҳои зиёд бо бошгоҳи «Мори»-и шаҳри Иркутски Федератсияи Русия, ки дар он ҷо ҷудо босуръат рушд меёбад, ҳамкорӣ дорад.

Тавре профессор Озикей Такахисо иброз дошт, варзишгари тоҷик, Чемпиони ҷаҳон байни ҷавонон оид ба ҷудо Сомон Маҳмадбеков дастпарвари ин бошгоҳ мебошад.

«Варзишгарони тоҷик иқтидори хуб доранд ва кӯшиш мекунем, ки барои муваффақона амалӣ шудани ин лоиҳаи умедбахш тамоми талошҳо ба харҷ диҳем», — гуфт профессор Озикей Такахисо.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик сохтмони Академияи ҷудои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад. Ҳамчунин дар нақшаҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ифтитоҳи марказҳои ҷудо дар марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Февраль 10, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт