«САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙДОРИИ АРТИШИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хизмат ба Ватан ва муҳофизати сарзамини аҷдодӣ яке аз вазифаҳои муқаддас, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати виҷдонии ҳар як сокини Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ, ки 16 феврал дар шаҳри Душанбе аз ҷониби маҳфили доимамалкунандаи «Ватанпарвар» бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пойдории Артиши миллӣ» баргузор шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» доир шуда, дар он ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки Артиши миллӣ – кафили суботи сиёсиву иҷтимоии мамлакат буда, зиндагии орому осудаи мо натиҷаи меҳнати сангин ва содиқонаву фидокоронаи сарбозони Ватан аст.
Тазаккур дода шуд, ки дар саросари мамлакат омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд.
Ҳамоиш бо баргузории қисмати фарҳангӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба афсарону хизматчиёни ҳарбии сохторҳои Вазорати мудофиа «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






