Садорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнеро, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҳавасманд мекунад
ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Садорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнеро, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҳавасманд мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар робита ба ин шумораи иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор мегарданд, аз ҳисоби устодон, кормандон ва донишҷуёни Донишгоҳ зиёд мегардад.
Роҳбарияти донишгоҳ пайваста барои ҳавасмандгардонии устодону донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла тибқи як тасмими садорати донишгоҳ ба устодоне, ки шогирдонашон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойи аввал мегарданд, аз ҳисоби донишгоҳ 10 000 сомонӣ мукофот дода мешавад. Хамчунин донишҷӯёне, ки дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҳавасманд гардонида шуда, дастгирӣ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Аз ҷумлаи ҳадафҳои баргузории ин озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 33 озмоишгоҳи илмӣ, 103 озмоишгоҳи таълимӣ, Маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ барои дар сатҳи баланду босифат ва талаботи муосир гузаронидани корҳои лабораторӣ ва илмию таҳқиқотӣ мавҷуд мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид






