САЙРИ ҶУДОИ ҶАҲОНӢ. 13 варзишгари тоҷик дар Tashkent Grand Slam 2023 иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сайри навбатии ҷудои ҷаҳонӣ дар Tashkent Grand Slam 2023 идома меёбад, ки дар он 13 варзишгари тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа 3-5 март бо иштироки 384 варзишгар (205 мард, 179 зан) аз 52 давлат баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 13 варзишгар (11 мард, 2 зан) дар ин мусобиқа иштирок менамоянд.
Мардҳо
-60кг — Муҳаммадсолеҳ Қуватов
-66кг — Эмомалӣ Нуралӣ
-66кг — Шаҳбоз Саидабуроров
-73кг — Беҳрӯз Хоҷазода
-73кг — Маҳмадшариф Наҷмиддинов
-81кг — Сомон Маҳмадбеков
-81кг — Муҳаммадҷон Абдуҷалилов
-90кг — Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг — Комроншоҳ Устопириён
+100кг — Иброҳим Элмуродов
+100кг — Темур Раҳимов
Занон
-48кг — Шукрона Карчиева
-57кг — Шоҳида Қаландарова
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби мамлакат қабл аз ин мусобиқа бо роҳнамоии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тору дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади машқии 10-рӯза фаро гирифта шуд. Дар ин ҷамъомад ҳамчунин варзишгарони Клуби ҷудои «Мори»-и шаҳри Иркутски Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Чун анъана мо дар рӯзи аввал сабқатҳоро дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон тамошо мекунем. Рӯзи дуюм мусобиқаҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон сурат мегиранд. Мусобиқа бо қувваозмоии паҳлавонон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо, -78кг, +78кг миёни бонувон ба анҷом мерасад. Ғолибони ҳар вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ мегиранд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






