Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки истифодаи пурраи имконияти барои рушди муносибатҳои байниҳукуматӣ мавҷуда, хусусан дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва тиҷорат метавонад ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳо мусоидат намояд.
Ҷонибхо зимни мулоқот ба татбиқи нақшаҳои мушаххас дар самти рушду густариши робитаҳои байниҳукуматӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






