Собиқ президенти Покистон Парвиз Мушарраф аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ президенти Покистон Парвиз Мушарраф рӯзи якшанбе пас аз бемории тӯлонӣ дар бемористони Дубай аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус артиши Покистон хабар дод.
Хадамоти байниидоравӣ оид ба робита бо ҷамъият (ISPR), ки вазифаи маркази матбуоти Артиши Покистонро иҷро менамояд, даргузашти ӯро таъйид кард.
Парвиз Мушарраф соли 2002 тариқи раъйпурсӣ ба ҳайси президенти Покистон интихоб шуда, то соли 2008 роҳбарии давлатро бар дӯш дошт.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҷасади ӯ барои ба хок супоридан ба Покистон бурда мешавад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






