Сокинони шаҳри Кӯлоб бо барқ ва оби ошомиданӣ таъминанд
КӮЛОБ, 07.02.20223 АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳои сарди фасли зимистон кормандони шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб масъулияти бештар эҳсос намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки муштариёнро бо барқ таъмин намоянд. Омодагии хуби шабакаҳои барқи шаҳр ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар рӯзҳои сарди зимистони имсола эҳсос гардид, зеро дар хатҳои барқи баландшиддат ва иншооти барқӣ садамаҳо рух надоданд.
Тавре дар шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА изҳор доштанд, «дар коргоҳи таъмири трансформаторҳо коргарон трансформаторҳои аз кор баромадаро сари вақт таъмир менамоянд. Барои иваз намудани трансформаторҳои маҳаллаҳо, ки ба садама дучор мешаванд, чор адад трансформатори иловагӣ омода кардаанд. Фақат сарфакорона ва оқилона истифода намудани неруи барқ аз ҷониби муштариён ба интиқоли мунтазами неруи барқ мусоидат мекунад ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ барои таъмири иншооти барқӣ ва хатҳои барқ шароит фароҳам меорад».
Дар Идораи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб низ иншоот ва таҷҳизоти барқӣ таъмир гардида, бо истифода аз шароити мусоид муҳаррик ва насосҳои обкаширо фаъол нигоҳ медоранд. Қатъ нагардидани неруи барқ имкон фароҳам овардааст, ки аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин карда шавад.
Дар рӯзҳои сарди зимистон дар иншооти обрасони шаҳр садама ба вуқӯъ напайваст. Имрӯзҳо сокинони шаҳр тибқи реҷаи муайяннамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардида истодаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






