Сокинони шаҳри Кӯлоб бо барқ ва оби ошомиданӣ таъминанд

Февраль 7, 2023 21:02

КӮЛОБ, 07.02.20223 АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳои сарди фасли зимистон кормандони шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб масъулияти бештар эҳсос намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки муштариёнро бо барқ таъмин намоянд. Омодагии хуби шабакаҳои барқи шаҳр ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар рӯзҳои сарди  зимистони имсола эҳсос гардид, зеро дар хатҳои барқи баландшиддат ва иншооти барқӣ садамаҳо рух надоданд.

Тавре дар шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА изҳор доштанд, «дар коргоҳи таъмири трансформаторҳо коргарон трансформаторҳои аз кор баромадаро сари вақт таъмир менамоянд. Барои иваз намудани трансформаторҳои маҳаллаҳо, ки ба садама дучор мешаванд, чор адад трансформатори иловагӣ омода кардаанд. Фақат сарфакорона ва оқилона истифода намудани неруи барқ аз ҷониби муштариён ба интиқоли мунтазами неруи барқ мусоидат мекунад ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ барои таъмири иншооти барқӣ ва хатҳои барқ шароит фароҳам меорад».

Дар Идораи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб низ иншоот ва таҷҳизоти барқӣ таъмир гардида, бо истифода аз шароити мусоид муҳаррик ва насосҳои обкаширо фаъол нигоҳ медоранд. Қатъ нагардидани неруи барқ имкон фароҳам овардааст, ки аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин карда шавад.

Дар рӯзҳои сарди зимистон дар иншооти обрасони шаҳр садама ба вуқӯъ напайваст. Имрӯзҳо  сокинони шаҳр тибқи реҷаи муайяннамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардида истодаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2023 21:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд